Давлати Ғазнавиён
From Википедиа
Давлати Ғазнавиён (Салтанати Ғазнавиён) — давлатест, ки дар солҳои 977—1186 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ арзи вуҷуд дошт ва дар он сулолаи Ғазнавиён ҳукмронӣ кардаанд.
Мундариҷа |
[вироиш] Таърих
Асосгузори давлат сарлашкари туркнажоди Сомониён Алптегин буд, ки бар зидди хӯҷаинони худ баромада, дар ҳудуди Афғонистони кунунӣ давлати мустақилеро бо марказаш шаҳри Ғазнин (Ғазна) барпо кард. Айёми гулугулшукуфии давлат ба даврони ҳукмронии Сабуктегин 977—997 ва Маҳмуди Ғазнавиӣ 998—1030 рост меояд. Баъд аз марги Маҳмуд давлат рӯй ба таназзул ниҳод. Ворисони ӯ музофотҳои кишварро паси ҳам аз даст медоданд. Ҳанӯз дар давраи Масъуди I Хоразм аз даст рафт. Ҳокимони қарахонии Мовароуннаҳр заминҳои болооби Амударёро забт карданд. Баъд аз муҳорибаи Дандонакон 1040 бо Салҷуқиён дар ҳудуди давлат танҳо қисми Афғонистон ва Панҷоб боқӣ монд. Зарбаи охирин ба давлати Ғазнавиён аз тарафи Ғӯриён зада шуд, ки дар охирҳои солҳои 70-уми асри XII онҳоро ба шимоли Ҳиндустон ронданд. Пойтахти нави давлати Ғазнавиён шаҳри Лоҳур шуд. Баъд аз забт шудани Лоҳур аз тарафи Ғӯриён дар соли 1186 давлати Ғазнавиён аз байн рафт.
[вироиш] Сиёсат
Асоси сиёсати берунии ҳукмронҳои аввалини Ғазнавиёнро ғасби заминҳои мамолики ҳамсоя ташкил медод. Дар натиҷаи ин гуна забткориҳо то соли 1030 ба давлати Ғазнавиён ҳудуди кунунии Афғонистон, баъзе вилоятҳои Эрон, қисми Мовароуннаҳр ва Хоразм, музофотҳои шимолӣ ва шимолу ғарбии Ҳиндустон дохил шуд. Вале истилогариҳо ба суст шудани давлат оварда расонданд. Иқтисодиёти давлат хароб шуд.
[вироиш] Фарҳанг
Дар даврони авҷи тараққиёти худ, султонҳои Ғазнавӣ ба рушди илму фарҳанг диққат медоданд. Дар дарбори Ғазнин ва дигар шаҳрҳо олимону шоирони машҳур кор ва фаъолият мебурданд (Берунӣ, Утбӣ, Абулфазл Байҳақӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ва ғ.).
[вироиш] Иқтисодиёт
Азбаски соҳаи асосии сиёсати давлат забти заминҳои ҳамсоя буд, ба кишоварзӣ аҳамияти ҳамаҷониба дода намешуд. Иқтисодиёт нисбат ба замони Сомониён поён рафт. Ҳаҷми савдо ва додугирифт бо мамолики хориҷа кам шуд.
[вироиш] Сулола
Нигаред ба мақолаи Ғазнавиён
[вироиш] Адабиёт
- Энсиклопедияи советии тоҷик
- Советская историческая энциклопедия, 1963:
- Абулфазл Байҳақӣӣ. Таърихи Байҳақӣ. Теҳрон, ҷ. 1—3, 1940—53
- Бартолд В. Туркистон дар давраи истилои муғул қ. 2 СПБ, 1900