Темурмалик
From Википедиа
Темурмалик пеш аз ҳуҷуми муғулҳо шаҳрри Хуҷандро муоина намуда,барои сохтани қалъа ва камингоҳ ҷои муносиб чуст.Хуҷанд пеш аз ин қалъа дошт,вале бартариҳои қалъаи нав хеле зиёд буданд.Дар миёнаи дарёи Сир ҷазирае ёфт,ки барои қалъа хеле мувофиқ буд.Дар навбати аввал мардуми Хуҷанд ва деҳаҳои атрофи шаҳрро ба ин кор ҷалб намуд.Хамаи табақаҳои мардуми шаҳр дар бинои қалъа бо кӯшишу ғайрати зиёд меҳнат карданд.Сохтмони он аз ҳар ҷиҳат нафъ дошт.Қалъа шаҳрро то андозае аз харобшави нигоҳ медошт ва тири душман ба он ҷо намерасид.