Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
From Википедиа
Абуабдуллои Рӯдакӣ - ассосгузори адабиёти классикии тоҷик. Қасидаи "Модари май"Шикоят аз пирӣ Калила ва Димна
Шоири форсу тоҷик. Сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ. Соли 857 дар деҳаи Панҷрӯди (ҳозира ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд) ба дунё омадааст. Ашъори зиёдеро навиштааст, вале то мо ҳамагӣ тақрибан 1000 байт омада расидааст. Рӯдакӣ соли 941 вафот кардааст.
Намунае аз осори Рӯдакӣ:
- Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
- Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
- Мардӣ набувад фитодаеро пой задан,
- Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.
- Дило, то кай ҳаме ҷӯи манеро,
- Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
- Чаро ҷӯӣ вафо аз бевафое?
- Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?
- Аё савсанбаногуше, ки дорӣ
- Ба рашки хештан ҳар савсанеро.
- Яке з-ин барзани нороҳ баршав,
- Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
- Дили ман арзане, ишқи ту куҳе,
- Чӣ соӣ зери куҳе арзанеро?
- Бубахшо, эй писар, бар ман бубахшо,
- Макуш дар ишқ хира чун манеро.
- Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
- Агар беҷон равон хоҳӣ танеро
Ин мақола ҳанӯз ҷавона аст. Бо густариши он ба Википедиа кӯмак кунед.