Банди Туркистон
From Википедиа
Банди Туркистон, каторкӯҳ дар шимоли Афғонистон; аз сафедкӯҳ бо пастхамии дарозруя, ки аз он дарёи Мурғоб ҷорист, ҷудо мешавад. Тӯлаш қариб 300 км. Баландиаш то 3497 м (к. Ҳавзи Кабуд). Банди Туркистон ба самти шимолу ғарбӣ то теппаҳои доманаи к. Карабели сарҳади ИҶСШ омада мерасад. Дар доманаи кӯҳҳо набототи биёбонӣ, дар минтақаи баландкӯҳ буттаҳои арча тунук меруянд.
Ин мақола ҳанӯз ҷавона аст. Бо густариши он ба Википедиа кӯмак кунед.