Берунӣ
From Википедиа
Берунӣ Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ (4. 9. 973, Кот – 11. 12. 1048, Хоразм), алломаи бузурги машрқзамин. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абунасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ (940 – 998) омӯхт. Берунӣ забонҳои дарӣ, хоразмӣ, арабӣ, суғдӣ, суръёнӣ ва юнонию санскритиро аз худ намуда, ба қисме аз онҳо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Берунӣ аз овони ҷавонӣ ба мушоҳидаи астрономӣ машғул шудааст. Барои муайян кардани тӯлу арзи шаҳрҳо глобус сохтааст. Соли 1018 Султон Маҳмуд (980 – 1030) Хоразмро забт карда, Беруниро ба Ғазна бурд. Фаъолияти минбаъдаи ӯ то охири умраш асосан дар ҳамин ҷо мегузарад. Берунӣ қариб дар ҳама соҳаи илмҳои маъмули замонаш асарҳои пурарзише таълиф кардааст. Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихи ададӣ асарҳои ӯ аз 103 то 180 номгӯй мебошанд. Вале бештари он таълифоти гаронмояи Берунӣ дар асари осеби давру замонҳои номусоид нобуд шудааст. Осори боқимондаи ӯ гувоҳи он аст, ки ба инкишофи минбаъдаи илми чаҳони саҳми гаронбаҳое гузоштааст. Берунӣ доираи мавзӯи геодезияро равшан намуд, ба усулҳои анъанавӣ ва кашфиёти худ арзу тӯлии бештар аз шашсад мавзеъро чен карда ҷадвале сохт. Ӯ андозаи заминро хеле саҳеҳ чен кард (аз ченкуниҳои замони мо фақат 110 километр фарқ мекунаду халос). Берунӣ ақидаи тағйирёбии қишри замин (таҳаввули геологӣ)- ро пеш гузошта, оид ба масъалаҳои пайдоиши кӯҳҳо, ҳаракати китъаҳо, ҷойивазкунии баҳру бар муҳокима меронад. Берунӣ гиёҳҳои шифобахш, сабзавоту меваҷотро омӯхта, мубодилаи байналхақии таҷрибаи тибби халқҳоро муфид мешуморад, номи гиёҳҳоро ба забонҳои гуногун оварда, масъалаи байналмилалии истилоҳоти илмиро ба миён мегузорад.Дар «Китоб – ус – сайдала фи – т – тиб» Берунӣ оид ба растаниҳои гуногун маълумот додааст. Ин мақола ҳанӯз ҷавона аст. Бо густариши он ба Википедиа кӯмак кунед.