Кироми Бухороӣ
From Википедиа
Кироми Бухороӣ (Хатти ниёгон: کرام بخارایی) Кироми Абдуллатифи Бухороӣ соли таваллуд ва вафот номаълум. Шоири тоҷик асри 17. Кироми дар Бухоро ба камол расид. Вале аз беқадрию хору зориаш ҷилои Ватан карда, дар оварагию дарбардарӣ умр ба сар бурд. Ниҳоят пас аз саргардониҳои зиёд боз ба Бухоро баргашт.
Абдулатиф Кироми Бухороӣ аз шоирони ширинкаломи адабиёти асри 18 тоҷик буда, Дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта аст. Абдулатиф овони ҷавониро дар зодгоҳаш гузаронида, дар ҳамин ҷой касби камол кардаву ба сухангӯйӣ пардохта аст. Вай аз суханварони муосири Сайидои Насафӣ буда, дар ҷодаи шеъру шоирӣ Мирзо Бедил ва Соиби Табрезиро пайгирӣ намуда аст. Аз ҷараёни минбаъдаи ҳаёти шоир то ин дам маълумоти дигаре дастрас нагардида аст.
Кироми Бухороӣ ҳамчун устоди ғазал маъруфу машҳур гардида, аз ӯ девони мукаммали ғазалиёт ба мерос мондааст. Аз ин девони шоир чанде нусхаи мураттаби хаттӣ, ҳамчунин иддае аз ғазалҳои алоҳидаи ӯ дар дохили баёзу мунтахабот боқӣ монда аст.
[вироиш] Аз ғазалиёт
- Омехта бо хок зи хасти бадани мо,
- Чун гунча зи зун рехта ранги чамани мо.
- Чун реги равон пешаи мо хонабадушист,
- Осоиши манзил набувад дар ватани мо.
- Мо фикри таманои хати сабзи ту кардем,
- Баргест хазондида бахори чамани мо.
- Моро хаваси сайри гулистон касе нест,
- Аз атласи гул духта шуд пирахани мо.
- Азбаски ба дил завки тамошои ту дорем,
- Чун дом бувад чашм саропо ватани мо.
- Хар гох ки кардем хавои лаби лаълаш,
- Гулрехта чун гунча,Киром, аз дахони мо.
- Дӯстӣ кун пешаи худ, бо касе душман мабош,
- Бо ҳарифони мулоим сахт чун оҳан мабош.
- Корвони зиндагонӣ бар сари роҳи фаност,
- Як замоне ғофил аз андешаи рафтан мабош.
- Хор бо мижгони худ бояд гирифт аз пои халқ,
- Дар ҳавои олами таҷред чун сӯзан мабош...
- Ҳосилат чун сарв аз озодагӣ дасти тиҳист,
- Дар гиреҳ аз фикри кишту донаи хирман мабош...
- Хасмро аз дӯстӣ оҷиз тавон кардан, Киром
- Ҳар ки душман бо ту гардад, ту ба он душман мабош.
[вироиш] Адабиёт
- Саъдиев С., Адабиёти тоҷик дар асри XVII, Душанбе., 1985
- Гулшани Адаб., ҷилди IV, Душанбе, "Ирфон", 1977