Мадрасаи Хоҷамашҳад
From Википедиа
МАДРАСАИ ХОЧАМАШХАД, ёдгории меъморй дар деҳаи Сайёди райони Шаҳртузи Тоҷикистон (асрҳои 9—12). Ҳоло аз ин ансамбли мухташам ду бинои гунбазу равоқдори ба ҳампайваст (аз хишти пухта) боқи мондааст. Бннои тарафи рост, ки аз тарафи шаркию гарбй даромадгоҳ доштааст, қисми кадимтарини ин ёдгорист (асрҳои 9—10). Сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонхо, кн аз хиштхои моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории хамин давраанд. Дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоки пештокдори мунаккаше илова гардидааст, ки дар шафати он толори гунбаздоре комат афрохта буд. Ин бино айнан ба биной якум монанд буда, вазифаи масчид ва баъдтар мадрасаро адо мекард. Танхо дарунаш бо усули Мадрасаи Хоҷамашҳад. Деҳаи Сайёдн райони Шаҳртуз. Асрхои 9—12 ороишии асрҳои 11 — 12 гаҷкорй шудааст. Накшунигори руи иморат хам дар хамин давр анчом ёфтааст. Дар ду гушаи ин бинохо гулдастах,ои на-чандон калон сохтаанд. Дар тарафи мукобил (шимолй) низ ду бинои гунбаздори на он кадар калон (аз хишти хом ва похса) пушида шуд, ки мисли бинои кисми чан. ва асо-сии ансамбл буд. Даромадгохи он низ пешток ,др.шт. М. X. хамчун мад¬расаи кадлмтарини Осиёи Миёна ахамияти таърихй дорад ва аз мар-кази илму маданият будани Кабо-дисни кадим шах.одат медихад, М. X. дар мухофнзати давлат аст.
[вироиш] Адабиёт
- Беленнцкий А. М., Мавзо¬лей у селения Саят. сМатерналы и ис-ледования по археологии СССР», № 15, М.— Л„ 1950.