Айова
From Википедиа
Айо́ва (англисӣ: Iowa) — иёлатест дар маркази ИМА. Масоҳаташ — 145,7 ҳазор км². Аҳолӣ — 2,9 млн. нафар (2000). марказ ва шаҳри калонтарин — Де-Мойн. Дигар шаҳрҳои калон — Сидар-Рапидс, Давенпорт, Су-Сити, Уотерлу, Айова-Сити.
[вироиш] Ҷуғрофия ва иқлим
Иёлат дар ҷои якшавии дарёҳои — Миссисипӣ ва Миссурӣ ҷойгир аст. Ҳамсояҳои он иёлоти Миннесота, Дакотаи Ҷанубӣ, Небраска, Миссурӣ, Иллинойс ва Висконсин мебошанд.
Қуллаи баландтарин - 509 м, нуқтаи пасттарин аз сатҳи баҳр - ҳамвории Киокак, 146 м.
Дорои иқлими континенталӣ ва боришоти зиёд мебошад; иёлат зуд - зуд ба обхезиҳо, тӯфонҳо ва торнадо дучор мешавад.
[вироиш] Таърих
[вироиш] Иқтисодиёт
ММД дар соли 2003 102 миллиард доллари ИМАро ташкил дод. Айова иёлати пешрафтатарин дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.