Бобочон Икромов
From Википедиа
ИКРОМОВ Бобочон (тав. 1957, деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара), рӯзноманигор. УДТ(1978), Мактаби олии ҳизбии ш. Минск (1990). Муҳаррир, сармуҳаррир, директори барномаҳои телевизион, муовини раис, раиси Кумитаи радио ва телевизиони XТ(1978-1995), Муддате мушовири раиси ширкати телевизионии байнидавлатии «Мир» буд. Таъсисдиҳанда ва сармуҳаррири ҳафтавори «Вароруд» аст. Икромов Бобоҷон муаллифи қиссаҳои «Армони модар», «Дидор», «Ашки сӯзон», маҷмуаҳои ҳикояҳои «Одам будан мушкил», «Шаҳри ханда» ва ғайра мебошад. Узви ИН ва ИЖ Тоҷикистон аст.