Зира
From Википедиа
Зира, растании бисёрсолаи алафии мансуби чатргулҳо. Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл ва гули майдаи сафеди дуҷинса, дони дарозрӯяи хушбӯй дорад. Зира дар кишварҳои Баҳри Миёназамин паҳн гаштааст. Дар Тоҷикистон зира дар доманакӯҳҳо, пасткӯҳҳо, дар нишебиҳои кӯҳ 600 то 2500м меруяд.