Сайф Алихон
From Википедиа
सैफ़ अली ख़ान سیف علی خان Сайф Алихон |
|
---|---|
Зодаи | 16 август, 1970 |
Сайф Алихон (ҳиндӣ: सैफ़ अली ख़ान, урду: سیف علی خان) - ҳунарпешаи синамои Ҳинд. Сайф Алихон низ монанди аксари ҳунарпешагони ҳинду дар оилаи санъаткорон ба дунё омадааст.
Мундариҷа |
[вироиш] Оила
Падари ӯ наввоби Патодӣ Мансур Алихон Патодӣ аст. Модараш Шармила Тагор, яке аз зеботарин ҳунармандони айёми худ буд. Сайф оиладор мебошад. Завҷаи ӯ ҳунарпешаи шинохта Амиша Пател буда, онҳо соҳиби фарзанде ҳастанд.
[вироиш] Карйера
Иштирок дар филми «Ошиқ овора» ба Сайф Алихон ва Мамта Кулкарнӣ шӯҳрати беандоза овард. Ин филм ба чандин забонҳо тарҷума гардид. Вале филмҳои ояндаи ӯ «Dil Теrа Diwana», «Ҷаноби Ошиқ», «Имтиҳон», «Parampara» ва ғайра он қадар бомуваффақият набаромаданд. Сайф Алихон қариб буд тарки синамо кунад. Ғайр аз ин, тамошобинон чунин меҳисобиданд, ки ӯ ҷиддӣ нест ва нақшҳои марказиро нағз офарида наметавонад. Вале иштирок дар филми «Yen Dillagi» ба Сайф имконияти тозаеро барои боз ба қатори ситорагони муваффақи Болливуд дохил шудан, фароҳам сохт. Дар ин филм бо ӯ ҳамроҳ Акшай Кумар ва Каҷол нақшофаринӣ карданд. Се филми дигари баъд аз он баромада - «Ole Ole», «Hothon Pe Bus Tera Naam» ва «Main Khiladi Tu Anari» (бо ҳамроҳии Акшай Кумар) нисбатан комёб буданд. Аммо ин давра низ дер давом накард. Боз филмҳои минбаъдаи ӯ, аз қабили «Tu Chor Main Sipahi» ба нокомӣ дучор гардиданд.