Санҷай Датт
From Википедиа
Санҷай Датт |
|
---|---|
Зодаи | 29 июл, 1959 |
Санҷай Датт (29 июл, 1959 — ) (Sanjay Dutt) - писари ҳунарпешаи машҳури мусулмон Наргис ва Сунил Датт мебошад. Сунил Датт низ дар ибтидо ҳунарпеша ва коргардон будааст. Ӯ баъдтар ба сиёсат машғул мешавад, вале аз сабаби дасисакории рақибони сиёсияш маҷбур мешавад арсаи сиёсатрро тарк намояд. Санҷай Датт 29 июли соли 1959 ба дунё омадааст. Санҷай дар оила фарзанди аввалӣ буд. Волидайн кӯшиши он мекарданд, ки Санҷай аз хурдсолияш ба санъати синамо рӯй оварад ва барои ин ҳама шароитҳоро фароҳам меоварданд.
Филми "Рокки”-ро (1981) махсус барои ӯ таҳия карданд ва аз он умедҳои калон доштанд. Вале вақте ки филм дар байни тамошобинон шӯҳрат пайдо накард ва ҳама донистанд, ки нигоҳи хоболудонаи Санҷай аз истеъмоли маводи мухаддар аст, дар ҷодаи синамо роҳ ба ӯ баста шуд. Дар ҷои ӯ дӯсти беҳтаринаш ва оянда шавҳари хоҳараш Гаурав Кумар бо филми "Ривояти ишқӣ” омад. Карйераи Санҷай оғоз наёфта, ба поён рафт.
Вале тақдир боз ба ӯ зарбаи дигаре зад– модари азизаш аз бемории саратон вафот кард. Баъд аз ин Санҷай роҳи гурез аз дарду ҷафоро дар ҳероин дид ва ба истеъмоли он пардохт. Ӯ аз ҳама канор меҷуст ва боре кӯшиши худкушӣ низ намудааст. Вале баъдтар дарк мекунад, ки бояд аз банди нашъа раҳоӣ ёбад ва ба беморхонае муроҷиат мекунад. Санҷай Датт дар он ҷо табобат ёфта боз ба саҳна бар мегардад. Коргардон Маҳеш Бҳатт ӯро ба филми худ - "Ном” даъват мекунад ва ин филм ба Санҷай шӯҳрат меорад.
Даврони хуше барои Санҷай Датт сар шуд: Ӯ ба Рича Шарма хонадор шуд ва соҳиби духтар Тришала гардид. Коргардонҳо акнун ӯро ба нақшҳои ҷолибу арзанда даъват мекарданд. Филмҳои беҳтарини бо иштироки Санҷай Дат: "Таъқиб” ва "Дӯстдошта”: "Таъқиб” ва "Дӯстдошта” дар ин давра ба навор гирифта шудаанд. Олам дар назари ӯ ба ранги дигар ҷилва кард. Вале боз чанде пас бахт аз ӯ рӯй тофт... Ҳангоми наворгирии филми “Қасос” (1993) дар Маврикий Санҷайро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа айбдор донистанд ва чун тайёраи онҳо ба Ҳиндустон фуруд омад, ӯро ҳабс карданд...
Баъд аз даводаву кашмакашҳои зиёди судӣ ӯро озод карданд. Санҷай ба саҳна баргашт ва нақшофариниро давом дод. Вале додгоҳ ӯро айбдор донист ва 15 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Пас аз ба озодӣ баромадан, Санҷай дар давоми ду моҳ худро ҷисман ва рӯҳан тайёр кард. Ӯ ба ҳамагон исбот кардан мехост, ки на марги ашхоси наздик ва на маҳбас бовариро ӯро ба худ аз байн бурда наметавонанд...
Боз филмҳои машҳур бо иштироки ҳунарманди аллакай овозадор ба экранҳо баромаданд ва чунин менамуд, ки дигар Санҷайро ояндаи хуше интизор аст. Вале қисмат ин дафъа низ ба ӯ бевафоӣ кард ва завҷааш Рича аз саратони мағзи сар вафот кард. Баъд аз панҷ соли марги Рича Санҷай оилаи нав барпо кард. Ӯ ба дӯсти деринааш Рҳея хонадор шуд. Дар айни замон Санҷай Датт яке аз машҳуртарин ситорагони синамои Ҳинд мебошад. Барои ӯ чандин коргардонҳо кор мекунанд ва ба ӯ нақшҳо тартиб медиҳанд.