Фарзона
From Википедиа
[вироиш] Тарҷумаи ҳол
Фарзона (Иноят Ҳоҷиева) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи омӯзгорон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд чанде дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" фаъолият доштааст. Дорандаи ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи устод Турсунзода (1995) ва ҷоизаи ҷавонон (1995) мебошад. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
[вироиш] Эҷодиёт
Нахустин сурудҳояш дар дар маҷмӯаҳои ҳамагонии "Резаборон"(1983), "Барги сабз"(1987),"Наврӯзӣ" ва ғайра мунташир шудаанд. Китоби аваллинаш "Тулӯъи хандарез"("Адиб" 1989),"Двацать лепестков" (Москва, "Советский писатель", 1990), "Ояти ишқ"("Адиб",1994),"Абай"(тарҷумаи ашъори Абай бо ҳамкории Сафар Абдулло,Теҳрон,1995)ва "Паёми ниёгон"(Теҳрон,нашриёти "Суруш", 1996) чоп шудаанд.Силсилаи таронаҳояш дар маҷаллаҳои "Дружба народов "(Москва), "Пар" (Лос Анҷелос), "Шеър", "Кайҳони фарҳангӣ "(Теҳрон), "Паёми Ироқ" (Бағдод)ва маҷмӯаҳои ҳамагонии "Молодая гвардия",(Москва ,1987), "Истоки" (Масква, 1989)ва ҳамчунин дар ҷаридаҳои адабии Амрико, Порис ва Ҳуланд чоп шудаанд.