Ҳумоми Табрезӣ
From Википедиа
Ҳумоми Табрезӣ - Ҳумомиддин ибни Аълои Табрезй яке аз ғазалсароёни хуби форсу-тоҷик буда, муосири Саъдии Шерозй мебошад. Ӯ дар Табрез таваллуд шуда, чанд гоҳе дар Озарбойҷон вазир будааст. Ҳумом ба забонҳон тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеър менавиштааст. Девони ғазалиёти вай қариб ду ҳазор байт дорад. Ӯ "Сӯҳбатнома" ном манзумае низ доштааст. Ҳумом 25 сафари санаи 714 ҳиҷрӣ 3 Июни соли 1314 дар 78-солагӣ вафот кардааст. Аммо ба ақидаи Э. Броун Ҳумоми Табрезӣ дар синни 116-солагӣ вафот кардааст.
Махмуд писари Фаридун Хумоми Табрези шоири асри хаштум хичри дар Эрон аст. У дар газал аз худ тавоноии бисёр нишон дод. Хумом шадидаро дустдори Саъди Шерози буд ва бо у мукотиба дошт ва бино бар бархи ёддоштхо хангоме, ки Саъди ба Озорбойчон сафар кард бо Хумом низ дидор дошт. Шумораи аз газалиёти у бар майнаи газалхои аз Саъди, бар хамон вазн ва кофия ва радиф сохта шудаанд
[вироиш] Ҳумом ва забони Озари
Табрези ба забони бумии он замони Табрез ва Озарбойчон яъне Забони Эронии Озари низ ашъор ва адабиёт дорад
[вироиш] Ғазалиёт
A3 ҒАЗАЛИЕТ
- Насими субх, меояд зи куй дилситони мо,
- Бар он боди абирафшон барафшонем ҷони мо.
- Чу мо бо дарди муштоқӣ бурун рафтем аз олам,
- Миёни дӯстон умре бимонад достони мо.
- Биҳищту хур мебошад муроди мардум аз тоат,
- Вале дидори ёр омад биҳишти ҷовидони мо.
- Дар ин вайрона зоронро бувад унсе зи нодонй,
- Ба Қофи кӯрб мезебад чу Симурғ ошёни мо.
- Ба чон бишнав ҳар он маъни, ки аз лафзи Ҳумом ояд,
- Ки бӯи ҷон ҳамеояд зи назми дӯстони мо.
- Ба он ки баршикасти чун зулфи хеш моро,
- Гуфтанд адаб набошад паймошикан нигоро.
- Хастанд подшохон пеши дарат гадоён,
- Бингар чй кадр бошад дарвеши бенаворо.
- Аз чашми ман нигохи,эй оби зиндагони
- Васлат муносиб омад симургу кимиёро
- З - он лаб саломи моро нашнидаам чавобе,
- Бегона мешумори ёрони ошноро.
- Чашми ту рехт хунам, шарм оядам,ки гуям
- Аз бахри нимчоне бо дуст мочароро.
- Суи Хумом бингар боре ба чашми эхсон,
- Бо банда илтифоте расм аст подшоро
- Руят ба хар анчуман дарег аст,
- Сарви ту ба хар чаман дарег аст.
- Чое ки сухан равад зи руят ,
- Васфи гулу настаран дарег аст.
- Дар дасти насими субхгохи
- Он зулфи пур аз шикан дарег аст.
- Касро нарасад хадиси он лаб,
- К-он худ ба забони ман дарег аст.
- Андоми латифу нозуки дуст
- Дар сухбати перахан дарег аст.
- Васфи лаби хеш хештан гуй
- Дар хар дахан он сухан дарег аст
- Шахре чу Хумом агар бимиранд,
- Як пурсиш аз он дахан дарег аст
- Зи чонон мехру аз мо чонфишонист,
- Чавоби мехрубони - мехрубонист.
- Хаме гуяд лабаш , к-инак ману ту,
- Гарат савдои оби зиндагнист.
- Ту он шамъи, ки чон парвонаи туст,
- Киро парвои шамъи осмонист.
- Дами Исо ба анфосат чи монад,
- К-аз ин хосил хаёти човидонист.
- Хумоми мехрубонро аз лабат хам
- Насибе хасту он ширинзабонист.
*
- Хусни туро мамолики дилхо мусаххар аст,
- Мукбили касе, ки васли ту уро муяссар аст.
- Чашму дил аз мушохидаат бенасиб нест,
- Накшад чу бар сахифаи чонам мусаввар аст.
- Гулзор чун бихишт шавад фасли навбохор
- Чонам фидои он ки аз ин хар ду хуштар аст.
- Дар чони найшакар набувад он халовате.
- К-андар лабу хадису дахони ту музмар аст.
- Аз бандагит дураму чон бо ту дар хузур,
- Чое ки нест хивати чон чашм бар дар аст.
- Дуст он дораду он аст, ки чон мебахшад,
- Мехрубони ба дили ахли дил он мебахшад.
- Сифати руи дилором кунем, к-у дорад
- Он малохат, ки халоват ба забон мебахшад.
- Оташи ишки туям дод хаёте бех аз он-к
- Оби Алванд ба хоки Хамадон мебахшад.
- Чашму абру туро гу, ки ба нахчир марав.
- Сайд худ руй бар он тиру камон мебахшад.
*
- Ёд бод, он рохати чон ёд бод,
- Ошиконро ахли чонон ёд бод.
- Чун тамошоро ба сарвистон равем,
- Кадди он сарви хиромон ёд бод.
- Гучахои гул чу ояд дар назар,
- Он лаби ширини хандон ёд бод.
- Равшани, к-аз рузи васлаш ёфтам,
- Дар шаби торики хичрон ёдбод.
- Мехр бо руяш ба чон варзидаанд,
- Мерубонро мехрубонон ёд бод.
- * *
- Дардмандонро зи буи дуст нармон мерасад,
- Муждаи фарзанд пеши пири Канъон мерасад.
- Юсуфи Канъони аз зиндон хамеёбад халос,
- Хотами давлат ба ангушти Сулаймон мерасад.
- Чашм равшан мешавад чунсубхи давлат мерасад,
- В-ин шаби торики зулмони ба поён мерасад.
- Медурахшад абру мегуяд замини мурдаро,
- Тозаву сероб хохи шуд, ки борон мерасад.
- Хамчу султони набуватро зи анфоси Увайс,
- Чони моро рохати аз буи чонон мерасад.
- Ин насими хушнафас в-осоиши чони Хумом,
- Аз губори манзили у анбарафшон мерасад.
- Чист давлат?-Сухбати сохибдилон дарёфтанд,
- Ё хузури дустони мехрубон дар ёфтанд.
- Сояхои бед бар оби равон фасли бахор,
- Дар миёни бустон бо дустон дарёфтанд.
- Аз мухаббат боз чонро куввати парвоз бахш,
- То бар у осон намояд ошён дарёфтанд...
- Руи чононро замину осмон оинаанд,
- Ку назар, то акси руяшро тавон дарёфтан?
- Эй Хумом, аз нури руи у агар бино шави,
- Олами чонро тавони з-ин чахон дарёфтан.