Биёбони Виктория
From Википедиа
Биёбони калони Виктория (англисӣ: Great Victoria Desert) биёбони регзор дар Чануби Австралия, байни 26° ва 30° а.ч. Масохати 300000 км2. Аз Шимол ба Гарб, Аз каторкӯҳи Стюарт то хамвории кулхои Шур, ба масофаи 1200км тул кашидааст. Бараш то 550 км. баландиаш аз сатхи бахр ба хисоби миёна 150-300 м. Ба релефи он катортеппахои регии баландиаш 10-30 м хосанд. Катортеппахоро хорбуттахои спинифекс аз кучидан нигох медоранд. дар байни теппахо акокиё ва евкалиптхои пакана меруянд. Боришоти солона 125-250 мм. Биёбон беоб ва мушкилгузар аст. Онро соли 1875 нахустин бор тадкикодчии англис Э. Чайлс тай кардааст.