Забони арабӣ
From Википедиа
Забони арабӣ (арабӣ: اللغة العربية — "ал-луғату л-ъарабия", ё عربي — "ъарабӣ") — ба шохаи забонҳои сомиву ҳомии оилаи забонҳои афроосиёӣ дохил мешавад.
Мундариҷа |
[вироиш] Маълумоти умумӣ
Забони кунунии арабӣ ба 5 шева ҷудо мешавад: шарқӣ (Ироқ), арабӣ, марказиарабистонӣ, мисриву-суданӣ, шимолиафриқоӣ (мағрибӣ). Забони адабӣ барои ҳама ягона аст.
Баъзе шеваҳои забони арабӣ аз ҳамдигар он қадар фарқ мекунанд, ки намояндагони онҳо ҳамдигар қариб намефаҳманд. Филмҳо, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар ВАО дар ҳамаи кишварҳои арабзабон бо забони адабиянд.
Забони арабӣ забонест, ки миқдори зиёди шеваву лаҳҷаҳоро дар давоми ҳазору панҷсад соли охир ҷамъ дар атрофи худ ҷамъ намудааст. Дини ислом ва пеш аз ҳама Қуръон сабаби муттаҳидшавии ин шеваву лаҳҷаҳо гардидааст. Бо забони арабӣ бештар аз 250 млн. одамон ҳарф мезананд (соли 2000).
Хат дар асоси алифбои арабӣ. Забони расмӣ ва кории Ассамблеяи Генералии СММ ва дигар мақомоти СММ. Забони давлатии ҳамаи мамолики арабзабон, Сомалия, Ҷибути.
[вироиш] Таърих
Забони арабӣ дар ниҷазираи Арабистон дар шакли забони фасеҳи шоирона ҳанӯз то ислом вуҷуд дошт. Забони Қуръон низ ба ин забон наздик аст.
Дар давоми қарнҳо забон пайваста дар таҳаввулот буд, вале дар навишт ин он қадар аён набуд, чунки дар навишт ҳарфҳои кӯтоҳи садонокро наменавиштанд.
Китобу рӯзномаҳо дар ҳама ҷо бо ин забон нашр мешаванд (ба истиснои Тунис, Марокаш ва Алҷазоир, ки дар забони арабӣ забони фаронсавӣ низ дар истифода аст). Дар соҳаи илм ва техника дар дигар мамолики арабзабон бошад, ҳангоми норасоии захираи луғавӣ забони англисӣ истифода мешавад.
[вироиш] Фонетика
[вироиш] Хат
- Мақолаи асоси: Алифбои арабӣ
Дар забони арабӣ аз рост ба чап менависанд.
[вироиш] Талаффуз
Дар аксари мамолики араб ҳоло кӯшиш мекунанд, ки талаффузашон ба забони тиловати Қуръон наздик бошад. Чӣ гуна будани талаффузи калимаҳо дар забони қадимаи арабӣ то ҳол мавриди баҳсҳо қарор дорад.
[вироиш] Грамматика
[вироиш] Захираи луғавӣ
Аксари калимаҳои арабӣ аз решаҳои ҳамсадо иборатанд, ки бо дигаршавии садонокҳояшон калимоти гуногунро ташкил медиҳанд. Масалан, аз ҳамсадоҳои «К-Т-Б» чунин калимаҳо сохта шудаанд:
- KaTaБa : навишт
- яКTуБу : менависад
- KиTaaБ : китоб
- KуTуБ : китобҳо
- KaaTиб : нависанда
- KuTTaaБ : нависандагон
- KaTaБaҳ : нависандагон (шакли дигараш)
- мaKTaБaҳ : китобхона
Дар забони арабӣ миқдори зиёди калимаҳои иқтибосӣ истифода мешаванд, ки аз забонҳои оромӣ, юнонӣ, форсӣ, англисӣ гирифта шудаанд. Аз тарафи дигар, калимаҳои забони арабӣ дар дигар забонҳо, аз қабили форсӣ, туркӣ, испанӣ бисёр иқтибос шудаанд. Масалан, тақрибан 10% калимаҳои испанӣ арабиасланд.
[вироиш] Инҷоро ҳам бингаред
- Адабиёти араб