Низомии Ганҷавӣ
From Википедиа
Низрмии Ганҷавӣ (форсӣ: نظامی گنجوی, озарбойҷонӣ: Nizami Gəncəvi) (1141 – 1209) ё Низомӣ
Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид (1141, шаҳри Ганҷа ҳозира Кировободи Озорбойҷон ҳамонҷо), шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик.
- Низомӣ, ҳам аз Ганҷа бикшой банд,
- Гирифтори Ганҷа то чанд? Чанд?
- Чу дур гарчи дар баҳри Ганҷа гумам,
- Вале аз кӯҳистони шаҳри Қумам.
Падари Низомӣ Ганҷавӣ аз аҳли илм буданд. Модари ӯ аз деҳоти атрофии Ганҷа ба қавли худи ӯ «раиси курд» буд. Низоми Ганҷавӣ аз хурди аз падару модар маҳрум гашт. Тарбия ва сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ӯҳда гирифт ва ба ӯ имкон дод, ки ӯ илм омӯзад. Таҳсили Низоми Ганҷавӣ дар зодгоҳаш гузашт. Ӯ дар омӯхтани илмҳои гуногун саъю кӯшиши зиёде мекард. Зиндагонии Низоми Ганҷавӣ аз аввал то охир дар Ганҷа гузаштааст. Дар муқаддимаи баъзе достонҳои худ вай якчанд байт дар насиҳати фарзанд эҷод кардааст:
- Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
- Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
- Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
- Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
- Ғофил манишин на вақти бозист,
- Вақти ҳунар асту сарфарозист.
- Дониш талабу бузурги омӯз,
- То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
- Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
- Фарзанди хисоли хештан бош.
- Макӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
- Ки он донишро тамом донӣ.
Ӯ 12 марти соли 1209 вафот кардааст.