Том Круз
From Википедиа
Tom Cruise Том Круз |
|
---|---|
Зодаи | 3 июл, 1962 |
Вазифа | ҳунарпеша ва продюсер |
Томас Круз Мапотер IV (англисӣ: Thomas Cruise Mapother IV) ҳунарпеша ва продюсери машҳури амрикоӣ. Ӯ 3 июли соли 1962 дар шаҳри Сиракузи наздикии шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст.
Мундариҷа |
[вироиш] Тарҷумаи ҳол
Том дар оилаи фарзанди сеюм ва яккаписар буд. Модараш ҳунарпеша ва падараш муҳандис кор мекарданд. Азбаски барои падараш кор ёфтан мушкил буд, онҳо зуд-зуд ҷои истиқоматро дигар мекарданд. Том аз хурдӣ аз қади пасти худ шарм медошт. Ӯ ба ҳар намуди варзиш машғул мешуд, то қадашро сантиметре бошад, ҳам дароз кунад. Дар мактаб ӯ талабаи фаъол набуд.
Вақте ки Том 12 сола буд, падараш аз модараш ҷудо шуд ва ҳолати молиявии онҳо бад шуд. Том ва хоҳаронаш маҷбур буданд, ки баъд аз мактаб кор кунанд, то ба модарашон каме бошад ҳам, дар таъмини зиндагӣ кӯмак намоянд.
Дар давоми як сол Том ба мактаби динӣ меравад. Ӯ нияти руҳонӣ шудан дошт, вале чанде пас аз ин мақсадаш даст мекашад ва ба коллеҷи оддӣ меравад. Дар ин ҷо ӯ дар баромадҳои театрӣ иштирок меварзад ва дарк менамояд, ки бояд санъати синаморо аз худ намояд. Ӯ ба шаҳри Ню-Йорк барои шӯҳратёбӣ меояд ва номи дарози худро ба «Том Круз» иваз мекунад.
[вироиш] Карйера
Нақши аввалинашро Том Круз дар филми «Ишқи бепоён» /Endless Love, 1981/ (дар нақши асосӣ Брук Шилдс) меофарад. Вале аввалин филме, ки Том Крузро машҳур кард, филми «Амалиёти пурхатар» /Risky Business, 1992/ буд. Соли 1985 филми Top Gun («Тирандози беҳтарин») баромад, ки шӯҳрати ӯро дар байни тамошобинон афзуд.
Қобилияти нотакрор ҳунарпешаро зуд машҳур кард. Дар давоми чанд соли минбаъда ӯ ба ситораи синамои Амрико ва ҷаҳон табдил ёфт.
Барои иштирок дар филми «Зодаи чоруми июл» /Born on the Fourth of July, 1989/ Том Крузро ба ҷоизаи Оскар дар номинатсияи «Ҳунарпешаи беҳтарин» пешниҳод карданд, вале бахташ омад накард ва ҷоизаро дигар кас гирифт. Соли 1990 ҳангоми ба наворгирии филми «Рӯзҳои раъд» /Days of Thunder, 1990/ Круз завҷаи ояндааш - Никол Кидманро во мехӯрад.
Орзуи деринаи Том дар нақши ба Ҷеймс Бонд монанд бозидан буд ва инро ӯ соли 1996 амалӣ сохт. Филми «Вазифаи иҷронашаванда» /Mission: Impossible, 1996/ дар байни тамошобинон хеле машҳур гардид. Ҳарчанд ки дар ба наворгирии ин филм маблағи хеле калон (бештар аз 120 млн доллари ИМА) сарф шуд, он хароҷоти сарфшударо бозпас гардонида тавонист. Фимлҳои минбаъдаи Том Круз аз нигоҳи молиявӣ ҳарчанд бомуваффақ бошанд, ҳам ба ӯ маротибае имкони соҳиби ҷоизаи Оскар шудан нашудааст. Дар филми «Самурайи охирин» Том Круз умедвор буд, ки соҳиби ҷоиза мешавад, вале боз ӯро сазовор надонистанд. Соли 2005 барои Круз нисбатан бомуваффақият буд. Ӯ дар филми «Ҷанги ду ҷаҳон» (коргардон Стивен Спилберг) иштирок меварзад. Дар нишасти матбуотии ин филм, онҳо оиди барпо намудани оила эълон намуданд. Чанде пас Ҳолмс ҳомиладор шуд ва апрели соли 2006 фарзандашон Сурӣ ба дунё омад. (номи духтарашро Том гузошт).
[вироиш] Ҳаёти оилавӣ
Том Круз бо Никол Кидман соли 1990 оиладор мешаванд. Соли 2001 Никол Кидман ва Том Круз аз ҳам ҷудо шуданд. Дар ин муддат, Том аллакай маъшуқаи нав пайдо карда буд. Ӯ бо ҳунарпешаи шинохта Пенелопа Круз ишқварзӣ мекард. Онҳо қариб оиладор ҳам шуданд, вале бо кадом як сабабе дар охир аз фикрашон гаштанд.
Дар наворгирии филми «Ҷанги ду ҷаҳон»Том Круз бо Кэтӣ Ҳолмс во мехӯрад. Дар нишасти матбуотии ин филм, онҳо оиди барпо намудани оила эълон намуданд. Чанде пас Ҳолмс ҳомиладор шуд ва апрели соли 2006 фарзандашон Сурӣ ба дунё омад. (номи духтарашро Том гузошт).