Асп
From Википедиа
?Асп Шаблон:StatusDomesticated |
||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Классификатсияи илмӣ | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
Equus caballus Linnaeus, 1758 |
Асп (Equus caballus) асб, вора, борагӣ, фарас, як навъ ҳайвони тоқсуми маъмул.
Сарнасли Аспи эогиппус (50 млн сол қабл зиндагӣ кардааст) мебошад. Чуссаи эогиппус баробари рӯбоҳ буда, пои пешaш 4 ва пои қафояш 3 ангушт дошт. Аспро дар ҳазораҳои 3-2 то милод дар даштҳои моварои Дон ва Днепр, Сибири Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна ром кардаанд. Алҳол аз аспҳои ёбоӣ фақат «Аспи Пржевальский» боқи мондааст.Асппарварӣ шуғли қадимаи тоҷикон аст. Дар ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони халқи тоҷик ки дар ҳазораи 2-1 то м. зистаанд. Асп мавқеи хос дошт. Аз ин мавкеъ ва манзалати асп он ҳолат гувоҳ мебошад, ки калимаи «асп» як ҷузъи номи ашхоси қадими асотири ва ривоятӣ Гуштосп, Таҳмосп, Арчрсп, Гаршосп, Лӯҳросп, Озаргӯшасп, Ҷомосп ва дигарҳо мебошанд. Аз асп дар китоби муқаддаси Авесто борҳо сухан меравад. Асотиру ривоёти достонҳои зиёде дар бораи асп дар Эрони Қадим ба миён омадаанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз галабонӣ (асппарварӣ) дар байни эрониён ва тӯрониён, наслгирӣ аз аспҳои хушзоти паҳлавонону подшоҳон, масалан, аз Рахш (аспи Рустам), Шабранг, (аспи Сиёвуш), Шабдиз (аспи Хусрави Парвиз) ва ғайра сухан меравад. Дар «Зардуштнома», ки ривояту афсонаҳоро дар бораи пайғамбари дини зардуштия дар бар мегирад, омадааст, ки Зардушт пайғамбар будани худро пас аз муоличаи аспи шоҳ Гуштосп собит кард. Аспи Гуштосп аз пой монда буд. Зардушт онро муолиҷа кард ва Гуштосп ба ӯ эътиқод овард. Муайян кардани зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим бинобар вуҷуд надоштани навиштаҷоти зоотехники қадре душвор аст. Оид ба аспҳое, ки дар сарзамини ҳозираи Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) парвариш ме¬карданд, фақат дар асоси омӯзиши кайдҳои сайёҳон, муаррихон, ҷуғрофидонҳо лашкаркашон ва гайраҳо маълумот гирифтан мумкин аст. Бинобар ин маълумотҳои таърихӣ дар Хута¬лон (Хатлон) а. 4 то м. Аспҳои хушзоти зебо парвариш мекарданд. Шуҳрати аспҳои Хуталон дар солномаҳои асрҳои 9-12-и арабу эрониҳо ва асарҳои уламои» қадим- Истахрӣ, Муқаддасӣ, Закариёи Қазвинӣ ва дигарон низ қайд шудааст. Пайдоиши аспҳои хуталонӣ қиссаву ривоятҳои бисёр дорад. Macалан дар солномаҳои хитоӣ («Таншу» ва «Суйшу») гуфта шу¬дааст, ки аспҳои хуталонӣ аз аспҳои «осмонӣ», ки дар яке аз қулла (ё ғор)-ҳои к. Тахористон зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд омадааст. Модиёнхои аҳолии таҳҷои. ки дар атрофи кӯҳ мечариданд. гӯё бо аспи «осмонӣ» ҷуфт шуда, аз он насл додаанд. Ба аспҳои Тахористон нисбат додани пайдоиши аспҳои Хуталон бесабаб нест. Аспҳои Таҳористон хеле машҳур буданд. Дар Таҳористон аспҳои резаҷусса, вале ниҳоят пурбардошти куҳӣ, ки масофаи зиёдро тай карда метавонистанд, инчунин зоти аспҳое, ки фақат барои ҷойҳои ҳамвор мувофиқ буданд, парвариш карда мешуданд. Баъзе ровиён аспҳои Таҳористонро саравлоди ҳамаи аспҳо меҳисобанд. Мувофиқи ривоёти дигар аспҳои Хуталон аз аспҳои обӣ рӯидаанд. Ҷyғрофидони араб Ибни Хурдодбеҳ қайд мекунад, ки дар Хуталон ҳавзе бо номи «Нозкӯл» мавҷуд аст. Нозкӯл аспҳои обӣ дорад, ки бо аспҳои подшоҳ (ба кӯл обнӯшӣ меомаданд) дар омехта, аспҳои хуталониро ба вуҷуд овардаанд. Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси венгер А. Борнс (1848), тадқиқотчиёни рус Н. Бахметев (1870), А. Вилькинс (1875), А. Ф. Миддендорф (1882), Вл. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911) ва дигарон низ қайд кардаанд. Вл. Базилевский аспҳои Осиёи Миёнаро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қуробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷумлаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин мешуморад. Асппарварӣ дар байни Cуғдиён низ равнақ дошт. Би¬но ба ақидаи академик А. Ф. Миддендорф, Искандари Мақдунӣ аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи қариб 4 ҳазор- нафарае ташкил карда буд. Дар ҳудуди ҳозираи ВМКБ асосан аспҳои бадахшӣ парвариш мекарданд. Аспҳои бадахшӣ барои кор дар шароити кӯҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи италиявӣ Марко Поло дар асарҳояш қайд кардааст. Д. Н. Логофет с. 1911 аспҳои хонии Бухороро ба 5 навъ ҷудо мекунад:
- 1 Аспҳои бухорӣ ё қаробоҳирӣ (дар водии д. Зарафшон, Ҳисор, Шаҳрисабз ва Чирчиқ парвариш мекунанд). #2 Аспҳои туркманӣ ё текенӣ (дар водии д. Ому, Қаршй ва Қӯрғонтеппа дида мешавад).
- 3 Аспҳои ҳисорӣ (дар водии Ҳисор парвариш мекунанд). 4). Аспҳои Қирғизию лақайӣ (дар Кӯлоб, Ҳисор, Балҷувон, Қабодиён ва Қӯрғонтеппа парвариш меёбад),
- 5 Аспи бухороии кӯҳӣ (дар Яккабоғ, Ҳисор. Қаротегин, Кӯлоб, Бойсун мепарваранд).
Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногун низ собит менамоянд. Дар бисёр асбобу зарфҳои рӯзгор, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, тасвири аспҳо нисбатан бештар вомехӯрад. Аспҳо нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагии қадим калонҷуссатар мебошанд. Пояш пурқувват, банди сеюми ангушти мобайни он ба сум табдил ёфтааст. Наринаҳо 40 ва модинаҳо 36 дандон доштанд. Байни дандонҳои ашк ва курсии аспҳо қариб 10 см ҷой ҳаст, ки ба он лаҷом мезананд. Вобаста ба сохт ва тағироти дандонҳои пеш синну соли аспҳоро муайян кардан мумкин. Дили аспҳо 4-4,5 (дар баъзе аспҳои корӣ 6-6,5) ва шушашон 5-5,5 (ғунҷоишаш қариб 30 л) кг мешавад. Ҳарорати мӯътадили баданаш 38°С. Асп 35-50 л хун (ҳангоми 500 кг будани вазни бадан) дорад. Меъдааш содда (ғунҷоишаш қариб 20 л) аст; талхадон надорад. Аспҳои кори соле то 6-8 т пору медиҳанд. Пору ва пешоби асп, нитроген, калий ва кислотаи фосфати бисёр дорад. Мӯйи асп ҷилонок, кӯтоҳ ва тахт аст. Вобаста ба ранг аспҳоро «тӯруқ», «ҷиран», «ашҳабӣ», «сиёҳмушкин» ва ғайра меноманд. Асп баҳор ва тирамоҳ тулак намуда, ба сармо (то 60°С) ва гармо (то 50°С) хуб тоб меорад, ба иқлими нав зуд одат меку¬над. Ғадудҳои арақбарори асп ниҳоят бисёр буда, ҳангоми кор то 85-100 г хлориди натрий ихроҷ меку¬над. Ин миқдор намак бошад, дар хӯроки муқаррарии асп нест. Бинобар ин ба хӯроки аспҳое, ки корҳои вазнинро иҷро мекунад, рӯзе 25-40 г намак илова бояд намуд. Узвҳои шунавоӣ ва шоммаи аспи нағз инкишоф ёфтаанд. Чашмаш тез аст, то 360° мебинад, ранг, андоза ва шакли чизҳоро фарқ мекунад. Асп зуд дастомӯз мешавад. Асп дар 1-1,5 солагӣ болиғ гардида, дар 6-7 солагӣ пурра инкишоф меёбад. Давраи ҳамлаш 11 моҳ як бача мезояд. Тойчаҳоро махсус нигоҳубин кардан лозим. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҷо ба тарзи нигоҳубини модинаҳо вобаста аст. Модинаҳо рӯзе 20-25 кг шир медиҳад. Аз шири модинаҳо қимиз тайёр мекунанд. Тойча одатан баъди 30-40 дақиқаи таваллуд модарашро мемакад. Барон тойчаҳо хусусан фалла аҳамияти калон дошта, баъзе касалиҳоро пешгирӣ ва меъдаро тоза мекунад. Модиён ва тойчаро баъди як ҳафта аз аспхона cap додан лозим. Тойчаҳо одатан 6-7 моҳ шир мемаканд. Бинобар ин ҳангоми кор фармудани модиҳо тойчаро хамеша ҳамроҳи он бояд нигоҳ дошт. Асп то 30-35 (баъзан 67) сол умр мебинад ва онро дар хоҷагӣ аз 3 то 14-15 (баъзан то 18-20)-солагӣ истифода бурдан мумкин. Алҳол бино¬бар тараққиёти техника Аспро дар хоҷаги қадим кам кор мефармоянд. Вале таҷрибаи собит намуд, ки аксар корҳои колхозу саҳроҳоро бо асп иҷро намудан мувофиқи мақсад аст. Аспҳоро дар замине, ки гаштани трактор имконнопазир аст (мас, агар замин бисёр нишеб ё нам бошад), инчунин барои ба масофаи наздик кашондани алаф, хошок, пахта, дар ферма ва хоҷагиҳои шахсии колхозчиёну коргарони саръазоҳо истифода бурдан мумкин. Истифодаи самараноки асп мошинҳоро сузишвориро сарфа намуда, мӯҳлати иҷрои корҳои хоҷагии қишлоқро кам мекунад. Аспҳои то 4-сола ва аз 15-сола боло, инчунин модинаҳои ҳомила (баъди 6-моҳагӣ) ва ширдеҳро барои иҷрои корҳои сабук истифода бояд бурд. Модинаҳоро 2- моҳ қабл аз зодан ва 15-рӯз баъди он, инчунин аспҳои касалро кор фармудан манъ аст. Ҳангоми кашондани чӯб, оҳан ва дигар чизҳои сахт ба асп зини махсус мезананд. Ба асп хӯроки гуногун бояд дод. Тобистон алафи сабз ва ҳангоми дар тавила нигоҳ доштан хошок, коҳ, сабзӣ, лаблабу, картошка, тарбузи хӯрокӣ, каду, тарбеда силос, ҷав, гандум, сулӣ, ҷуворимакка, ҷавдор, кунҷора, тилфи лаблабуи қанд ва ғайра додан мувофиқи мақсад аст. Ба наринаҳои наслдеҳ дар давраи ҷуфтикунонӣ тухми мурғ (хом), ширтуппа (творог), ва орди моҳи медиҳанд.