Гурба
From Википедиа
ГУРБА (Felis ocreata domestica), пишак, пушак, синнавр, ҳирф, ҳайвонест дарранда. Сари лунда, гардану пойҳои боқувват, чанголи тез ва думи дароз дорад; якранг (сафед, сиёҳ, малла) ё гуно-гунранг (ало, рах-рах ва ғайра.) мешавад. Мӯи баъзе ГУРБАҲО дарози паҳмоқ, ва баъзеашон кӯтоҳу маҳин аст. Гурба ҳайвони чолок буда, ба девору дарахт ба осонӣ мебарояд. Ҳангоми роҳ рафтан нармаки панҷаашро ба замин мемонад ва садо намебарорад. Чанголи Гурбаро пайҳои чандир дарун кашида меистанд ва танҳо мавриди ба дару девор часпида баромадаи ё доштани тӯъма берун мешавад. Аъзои сомеааш нағз инкишоф ёфтааст.
Аъзои шоммааш суст буда, чашмонаш эҳтимол фақат наздикро мебинад. Гурба зуд калон мешавад. Дар 7—8-мохагӣ болиғ мегардад. Соле 2 маротиба (март ва аввали июн) ҷуфтӣ мешавад. Мӯҳлати хамлаш 8 ҳафта; то 5—6 бачаи нобино мезояд (чашмн гурбачаҳо дар 9-рузагӣ кушода мешавад). Гурба мушу калламуш ва дигар зараррасонҳои хоҷагии қишлоқро нобуд мекунад. Дар шароити хона ба Гурба асосан гушт ва шир медиҳанд. Дар аснои нағз нигоҳубин накардан Гурба ба борот, полиз ё дашту саҳро гурехта, ёбоӣ мешавад, мушу паррандаҳоро дошта мехӯрад, лонаи паррандаҳоро вайрон ва чӯҷаи онҳоро нобуд мекунад. Ин гуна Гурбаҳоро нест бояд кард, зеро онҳо паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (кали-ё чараб, шукуфаи муйчин) ва паразитии (трихинеллёз, описторхоз, дифиллоботриоз ва ғайраро) одам ва ҳайвонот мебошанд.
[вироиш] Адабиёт
Ад,: Новиков Г. А., Хищные млекопитающие фауны СССР, М—Л., 1956; Гептнер В. Г., Слудский А. А., Млекояитающие Советского Союза, т. 2, ч. 2, М-, 1972.